LIVE

Моуринйо метавонад пеш аз Ҷоми ҷаҳон-2026 мураббии Роналду шавад

Федератсияи футболи Португалия (FPF) масъалаи пардохти ҷуброн ба “Фенербахче”-ро барои пеш аз мӯҳлат қатъ кардани шартнома бо Жозе Моуринйо баррасӣ мекунад, зеро ӯро ҷойгузини Роберто Мартинес дар вазифаи сармураббии тими миллӣ медонад. Дар ин бора beIN Sports хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ Федератсияи футболи Португалия масъалаи таъини мутахассиси 62-соларо ба вазифаи сармураббигӣ баррасӣ мекунад, зеро мехоҳад ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 бо “кафолатҳои ҳадди аксар” наздик шавад. Федератсия ба Моуринйо иҷозат медиҳад, ки ба тими миллии Португалия ҳамроҳ шавад ва новобаста аз он аст, ки даста дар Лигаи Миллатҳо чӣ гуна баромад мекунад.
Мартинес аз моҳи январи соли 2023 сармураббии тими миллии Португалия мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ даста ба Евро-2024 роҳхат гирифт ва ба даври чорякфиналӣ баромад. Португалия инчунин дар даври ниманиҳоии Лигаи Миллатҳо (4 июн) бо Олмон бозӣ мекунад.
Сарвони тими миллии Португалия Криштиану Роналду аст, ки бо Моуринйо дар “Реал Мадрид” кор кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив