Бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон - 2026 байни тимҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Белгия дар варзишгоҳи Лумен (Сиэтл, ИМА) бо ҳисоби 4-1 ба фоидаи белгиявиҳо ба анҷом расид.
Ҷоми ҷаҳонии 2026. Даври 1/8 ниҳоӣ
7 июли соли 2026, сешанбе. 05:00 ДШБ
ИМА 1:4 Белгия
0:1 Де Кетелаере – 9' 1:1 Тиллман – 31' 1:2 Де Кетелаере – 33' 1:3 Ванакен – 57' 1:4 Лукаку – 90+3'
Ҳамлагари мунтахаби Белгия Шарл Де Кетелаере дар дақиқаҳои нахусти бозӣ ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 31-ум бошад нимҳимоятгари тими миллии Белгия Малик Тиллман ҳисобро баробар кард. Баъди ду дақиқа Де Кетелаере аз голи дуюми худ истиқбол гирифт. Нимҳимоятгар Ханс Ванакен бошад дар дақиқаи 57-ум бартарии тими миллии Белгияро дучанд намуд. Дар вақти иловагӣ ҳамлагар Ромелу Лукаку голи чоруми тимашро ба ҳадаф расонид.
Белгия дар даври чорякфиналӣ бо Испания рӯзи 10-уми июл дар варзишгоҳи SoFi дар Инглвуд, ИМА рӯбарӯ мешавад.
Дар даври 1/16 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон бошад дастаи Маурисио Почеттино Босния ва Ҳерсеговинаро (2-0) мағлуб кард, дар ҳоле ки Белгия бар Сенегал (3-2) зафар ёфт.
