LIVE

Мунтахаби Испания баъди пирӯзӣ бар Австрия ба даври 1/8 финалии ҶҶ-2026 роҳ ёфт

Бозии даври 1/8 финали Ҷоми ҷаҳон - 2026 байни тимҳои миллии Испания ва Австрия дар варзишгоҳи SoFi-и  Инглвуди ИМА   бо ҳисоби 3-0 ба фоидаи мунтахаби Испания анҷом ёфт.
Ҷоми ҷаҳон -2026. Даври 1/8 финалӣ
3 июли соли 2026, ҷумъа. 00:00 ДШБ
Испания 3:0 Австрия
1:0 Ойарсабал – 36' 2:0 Порро – 66' 3:0 Ойарсабал – 89'
Дар дақиқаи 29-ум ҳимоятгари Фурия Роха Марк Кукурелла гол зад, аммо он аз сабаби қоидавайронкунӣ нисбати дарвозабони австриягӣ бекор карда шуд. Баъди ҳафт дақиқа   ҳамлагари тими миллии Испания Микел Оярсабал ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 66-ум бошад ҳимоятгар Педро Порро бартарии дастаи миллии Испанияро дучанд намуд. Ниҳоят дар дақиқаи 89-ум Оярсабал аз голи дуюми хеш истиқбол гирифта, ҳисобро ба се бар сифр расонид.
Дар даври 1/8 финалӣ шогирдони Луис де ла Фуэнте бо ғолиби бозии Португалия ва Хорватия рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Испания бо ҳафт имтиёз дар гурӯҳи H бо ишғоли зинаи аввал ба даври плей-оффи Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт. Австрия бошад бо чор имтиёз ва зинаи дуюм дар гурӯҳи J ба адври 1/16 ниҳоӣ роҳ ёфта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив