Бозии гурӯҳи G-и Ҷоми ҷаҳон - 2026 байни тимҳои миллии Белгия ва Эрон дар варзишгоҳи SoFi дар Инглвуди ИМА бо ҳисоби мусовии 0-0 ба анҷом расид.
Ҷоми ҷаҳон - 2026. Гурӯҳи G. Даври 2-юм
Душанбе, 22 июни соли 2026. 00:00 ДШБ
Белгия 0:0 Эрон
Корти сурх: Нгой – 66'
Ёдовар мешавем, ки Натан Нгой аз тими мунтахаби Белгия дар дақиқаи 67-ум аз майдон хориҷ карда шуд. Қаблан аз ин дар дақиқаи 25-ум Меҳдӣ Таремӣ ҳисобро кушода шуда буд, аммо пас аз баррасии VAR гол бекор карда шуд.
Ҳардӯи ин дастаҳо акнун пас аз анҷоми ду даври марҳилаи гурӯҳӣ ду холӣ доранд.
Дар даври сеюми марҳлаи гурӯҳӣ мунтахаби Белгия бо Зеландияи Нав (27-уми июн) ва Эрон бо Миср (инчунин 27 июн) бозӣ хоҳанд кард.
Марҳилаи гурӯҳии мусобиқа аз 11 то 27 июн идома меёбад. Ҳар як даста бо рақибони гурӯҳии худ як бозӣ мекунад. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ дар баробари ҳашт дастаи ҷои сеюм ба даври плей-офф роҳ меёбанд.
