Бозии гурӯҳи G байни тимҳои милии Зеландияи Нав ва Миср дар Ҷоми ҷаҳон - 2026 дар варзишгоҳи BC Place дар Ванкувери Канада бо пирӯзии 3-1 ба нафъи мунтахаби Миср ба анҷом расид.
Ҷоми ҷаҳонии футбол- 2026. Гурӯҳи G. Даври 2-юм
22 июни соли 2026, душанбе. 06:00 ДШБ
Зеландияи Нав 1:3 Миср
1:0 Сурман – 15' 1:1 Зико – 59' 1:2 Салоҳ – 67' 1:3 Трезеге – 82'
Мунтахаби Зеландияи Нав дар нимаи аввали бозӣ ба шарофати голи Финн Сурман ба пеш баромад. Дар дақиқаи 59-уми рақобат Миср ба шарофати голи Мустафо Зико ҳисобро баробар кард. Муҳаммад Салоҳ дар дақиқаи 67-ум ҳисобро ду бар як намуд ва дар дақиқаи 82-ум Миср бо голи сеюми Трезеге, ки аз ирсоли голии Салоҳ зада шуд, ҳисобро се бар як намуд.
Дар даври аввали гурӯҳи G, Зеландияи Нав бо Эрон мусовӣ (2-2) намуд, дар ҳоле ки Миср аз Белгия хол гирифт (1-1). Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби Зеландияи Нав бо Белгия (27-уми июн) ва Миср бо Эрон (ҳамчунин 27-уми июн) рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Марҳилаи гурӯҳии мусобиқа аз 11 то 27 июн идома меёбад. Ҳар як даста бо рақибони гурӯҳии худ як бозӣ мекунад. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ дар баробари ҳашт дастаи ҷои сеюм ба даври плей-офф роҳ меёбанд.
