Тими миллии Миср дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 тими Ҷибутиро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ҳамин тариқ, Миср дар гурӯҳи «А» ҷои аввал ва роҳхат ба Ҷоми ҷаҳониро барояш таъмин кард.
Чемпионати ҷаҳон-2026 – Минтақаи Африқо. Гурӯҳи А. Даври 9-ум
Чоршанбе, 8-уми октябри соли 2025. 21:00 ДШБ
Ҷибути 0:3 Миср
0:1 Адел – 8' 0:2 Салоҳ – 14' 0:3 Салоҳ – 84'
Голи аввалро Иброҳим Одел дар дақиқаи ҳаштум зад. Ҳамлавари бошгоҳи "Ливерпул" Муҳаммад Салоҳ дар дақиқаҳои 14-ум ва 84-ум ду гол дар ин бозӣ ба самар расонид ва барои тимаш пирӯзии бузургро таъмин намуд.
Қаблан мунтахабҳои Марокаш ва Тунис аз қораи Африқо ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 роҳхат гирифта буданд.
Дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 48 тими миллӣ ширкат хоҳанд кард, ки ба 12 гурӯҳи иборат аз чаҳор дастаӣ тақсим мешаванд. Ду дастаи беҳтарин дар якҷоягӣ бо ҳашт дастаи беҳтарини ҷойҳои сеюм ба даври плей-оффи Ҷоми Ҷаҳон роҳ меёбанд. Илова бар ин, ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 марҳилаи нав даври ё худ даври 1/16 финалӣ илова карда мешавад.
