Мунтахаби Аргентина дар даври 17-уми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол бар тими миллии Венесуэла бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.
Чемпионати ҷаҳон 2026 — Амрикои Ҷанубӣ. Марҳилаи интихобӣ. Даври 17-ум
5 сентябри соли 2025, ҷумъа. 04:30 ДШБ
Аргентина 3:0 Венесуэла
1:0 Месси – 39' 2:0 Мартинес – 76' 3:0 Месси – 80'
Дар сафи ғолибон ду голро Лионел Месси ба самар расонида, як голи дигарро Лаутаро Мартинес ба номаш навишта кард.
Дастаи мунтахаби Аргентина дар гурӯҳи интихобии Амрикои Ҷанубӣ бо ишғоли мақоми аввал ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 роҳхат гирифт. Венесуэла, дар навбати худ, дар ҷои ҳафтум қарор гирифт ва барои дарёфти ҳаққи ширкат дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 дар даври плей-офф бозӣ хоҳад кард.
Соли 2026 бори аввал дар таърих Ҷоми ҷаҳонии футбол якбора дар қаламрави се кишвар: ИМА, Мексика ва Канада баргузор мешавад. Мусобиқа аз 11 июн то 19 июл гузаронида шуда, дар марҳилаи ниҳоии он 48 даста ширкат меварзад.
