LIVE

Мунтахаби Уругвай бар Кабо-Верде пирӯз шуда натавонист

Бозии гурӯҳи H байни дастаҳои мунтахаби Уругвай ва Кабо-Верде дар Ҷоми ҷаҳон-2026  дар варзишгоҳи Хард Роки Майамии ИМА  бо ҳисоби мусовии 2-2 ба анҷом расид.
Ҷоми ҷаҳон – 2026. Гурӯҳи H. Даври 2-юм
22 июни соли 2026, душанбе. 03:00 ДШБ
Уругвай 2:2 Кабо-Верде
0:1 Ленини – 21' 1:1 Араухо Вилчес – 44' 2:1 Каноббио – 45+6' 2:2 Варела – 61'
Дар дақиқаи 21-уми бозӣ нимҳимоятгари бошгоҳи Краснодар ва тими миллии Кабо-Верде Кевин Ленини дастаи худро ба пеш баровард. Муҳофизатгар Максимилиано Араухо дар дақиқаи 44-ум ҳисобро баробар намуд. Агустин Каноббио бошад дар дақиқаи 45+6 Уругвайро ба пеш баровард. Вале дар дақиқаи 61-уми рақобат ҳамлагари ҷазирагиҳо Хелио Варела тавонист, ки ҳисобро баробар кунад.
Дар даври аввал Уругвай бо Арабистони Саудӣ мусовӣ 1-1 кард, дар ҳоле ки Кабо-Верде аз Испания бозиро бо ҳисоби 0-0 ба анҷом расонд. Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ Уругвай бо Испания ва Кабо-Верде бо Арабистони Саудӣ бозӣ мекунанд. Ҳарду бозиҳои рӯзи 27-уми июн баргузор мешаванд.
Марҳилаи гурӯҳии мусобиқа аз 11 то 27 июн идома меёбад. Ҳар як даста бо рақибони гурӯҳии худ як бозӣ мекунад. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ дар баробари ҳашт дастаи ҷои сеюм  ба даври плей-офф роҳ меёбанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив