Тими миллии Нидерланд роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026-ро соҳиб шуд. Мунтахаби Нидерланд дар бозии охири даври гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон дар соли 2026 бар тими Литва бо ҳисоби 4 бар 0 ғалаба карда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифт.
Голҳои мунтахаби Нидерландро дар ин бозӣ Тиҷани Рейндерс дар дақиқаи 16-ум, Коди Гакпо дар дақиқаи 58-ум, Хави Симонс дар дақиқаи 60-ум ва Донйелл Мален дар дақиқаи 62-юм ба самар расониданд.
Бо ин пирӯзӣ Нидерланд бо 20 имтиёз дар гурӯҳи "G" ҷои аввалро ишғол кард ва мустақиман ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт. Лаҳистон бо 17 имтиёз дар ҷои дуюм қарор гирифт ва акнун дар плей-офф бозӣ хоҳад кард.
Беҳтарин натиҷаи тими миллии Нидерланд дар мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳон ин ба даст овардани медалҳои нуқра дар солҳои 1974, 1978, 2010 мебошад.
Ҳоло аз 48 дастаи иштирокчии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026, 34 дастаи иштирокчӣ маълум шудааст. Нидерланд роҳхати 34-умро ба даст овард ва ҳафтумин шуда аз Аврупо ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 роҳ ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки Амрико, Канада ва Мексика ба таври худкор ҳамчун мизбон роҳхатро ба даст овардаанд. Англия, Ҷопон, Зеландияи Нав, Эрон, Аргентина, Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Урдун, Австралия, Бразилия, Эквадор, Уругвай, Колумбия, Парагвай, Марокаш, Тунис, Миср, Алҷазоир, Гана, Кабо-Верде, Африқои Ҷанубӣ, Сенегал, Кот-д'Ивуар, Қатар , Арабистони Саудӣ, Фаронса , Хорватия , Португалия , Норвегия , Олмон ва Нидерланд роҳхатро ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 соҳиб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз 11-уми июн то 19-уми июл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Бори аввал дар таърих 48 даста дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2026 ширкат мекунад. Аргентина қаҳрамони феълӣ аст.
