LIVE

Бозии рӯз дар ТВ “Футбол”: Испания – Австрия

Бозии даври 1/16 ниҳоӣ байни тимҳои миллии    Испания  ва Австрия имрӯз, 2-юми июл дар варзишгоҳи  «Соу-Фай»-и   Инглвуд (Лос-Анҷелес, ИМА) соати соати 23:40 ба вақти шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Шумо имкон доред, ки ин бозиро ба таври мустақим тариқи ТВ “Футбол” тамошо намоед.
Ҷоми Ҷаҳон – 2026. Даври 1/16 ниҳоӣ
02 июли соли 2026, панҷшанбе. 23:40 ДШБ
Испания   - Австрия
Тибқи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби Испания  бо касби ҳафт хол дар гурӯҳи Н зинаи аввалро ишғол намуд. Тими миллии Австрия бо чор хол дар гурӯҳи J зинаи дуюмро гирифт. 
Марҳилаи гурӯҳӣ аз 11 то 27 июн баргузор гардид. Дастаҳо дар доираи марҳилаи гурӯҳӣ се бозӣ анҷом дода, ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, дар баробари ҳашт дастаи ҷои сеюм марҳилаи плей-офф роҳ ёфтанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив