LIVE

Бозии рӯз дар ТВ “Футбол”: Аргентина – Австрия

Бозии даври дуюми гурӯҳи J байни тимҳои миллии Аргентина ва Австрия имрӯз, 22-юми июн дар варзишгоҳи  Эй-Ти-энд-Ти дар Арлингтони Техаси ИМА соати соати 21:40 ба вақти шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Шумо имкон доред, ки ин бозиро ба таври мустақим тариқи ТВ “Футбол” тамошо намоед.
Ҷоми Ҷаҳон – 2026. Марҳилаи гурӯҳӣ. Гурӯҳи  J. Даври 2-юм
22 июни соли 2026, ҷумъа. 21:40 ДШБ
Аргентина - Австрия
Дар даври аввали гурӯҳи  J мунтахаби Аргентина бар Алҷазоир (3-0) зафар ёфт, дар ҳоле ки Австрия бо Урдунро (3-1) мағлуб намуд. Дар даври охирин марҳилаи гурӯҳӣ бошад тими миллии Аргентина бо Урдун (28 июн) ва Австрия бо Алҷазоир (инчунин 28-уми июн) рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Марҳилаи гурӯҳӣ аз 11 то 28 июн баргузор мешавад. Дастаҳо дар доираи марҳилаи гурӯҳӣ се бозӣ анҷом медиҳад. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, дар баробари ҳашт дастаи ҷои сеюм марҳилаи плей-офф роҳ меёбанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив