LIVE

Бозиҳои асосӣ дар ТВ “Футбол” соати 20:40 ва 23:40 доир мешаванд

Имрӯз, 18-уми июн тибқи нақшаи баргузории бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳон-2026 ду рақобат доир мешаванд.  Рақобати нахуст  миёни мунтахабҳои Чехия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ  дар доираи бозии даври дуюми гурӯҳи А соати 20:40 ба вақти шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи Мерседес Бенс Стедиуми шаҳри Атлантаи ИМА доир мегардад. Дидори дуюми рӯз чун бозии даври дуюми гурӯҳи В соати 23:40 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи Соу Файи Инглвуди ИМА баргузор мешавад.
Ҷадвали бозиҳои ҶҶ-2026 барои 18-уми июн (ба вақти Душанбе):
Соати 20:40. Чехия – Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ.
Соати 23:40. Шветсария – Босния ва Ҳерсеговина
Ин бозиҳоро метавон метавон ба таври мустақим аз ТВ “Футбол” тамошо намуд.
Марҳилаи гурӯҳӣ аз 11 то 27 июн баргузор мешавад. Дастаҳо бо ҳам дар шакли даврӣ (се бозӣ барои ҳар кадом) бозӣ мекунанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, дар баробари ҳашт дастаи беҳтарини ҷои сеюм, ба плей-офф роҳ меёбанд. Дар маҷмӯъ 104 бозӣ баргузор мешавад, ки ин рекорди Ҷоми Ҷаҳон аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив