LIVE

Бозии рӯз дар ТВ “Футбол”: Португалия – Ӯзбекистон

Бозии даври дуюми гурӯҳи К байни тимҳои миллии Португалия ва Ӯзбекистон имрӯз, 23-юми июн дар варзишгоҳи   Эн-Эр-Ҷи Стэдиум дар Хюстони ИМА соати соати 21:40 ба вақти шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Шумо имкон доред, ки ин бозиро ба таври мустақим тариқи ТВ “Футбол” тамошо намоед.
Ҷоми Ҷаҳон – 2026. Марҳилаи гурӯҳӣ. Гурӯҳи  К. Даври 2-юм
23 июни соли 2026, сешанбе. 21:40 ДШБ
Португалия - Ӯзбекистон
Дар даври аввали гурӯҳи  К мунтахаби Португалия бо Ҷумҳурии Демократии Конго ба натиҷаи мусовии 1-1 расид, дар ҳоле, ки тими миллии Ӯзбекистон бо ҳисоби 1-3 аз Колумбия шикаст хӯрд. Дар даври охирин марҳилаи гурӯҳӣ бошад тими миллии Португалия бо Колумбия (28 июн) ва Ӯзбекистон бо ҶД Конго (инчунин 28-уми июн) рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Марҳилаи гурӯҳӣ аз 11 то 27 июн баргузор мешавад. Дастаҳо дар доираи марҳилаи гурӯҳӣ се бозӣ анҷом медиҳад. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, дар баробари ҳашт дастаи ҷои сеюм марҳилаи плей-офф роҳ меёбанд.

Next Post

Комментарии 1

Farrux
Farrux от 23 июня 2026 23:18
[spoiler][/spoiler]

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив