Бозии даври сеюми гурӯҳи В байни тимҳои миллии Босния ва Ҳерсеговина ва Қатар имрӯз, 24-уми июн дар варзишгоҳи Люмен Филд (Сиэтл, ИМА) соати соати 23:40 ба вақти шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Шумо имкон доред, ки ин бозиро ба таври мустақим тариқи ТВ “Футбол” тамошо намоед.
Ҷоми Ҷаҳон – 2026. Марҳилаи гурӯҳӣ. Гурӯҳи В. Даври 3-юм
24 июни соли 2026, чоршанбе. 23:40 ДШБ
Босния ва Ҳерсеговина - Қатар
Дар даври дуюми гурӯҳи В мунтахаби Босния ва Ҳерсеговина аз Шветсария бо ҳисоби бузурги 1-4 шикаст хӯрд, дар ҳоле, ки тими миллии Қатар бо ҳисоби бузурги 0-6 аз мунтахаби Канада дучори нокомӣ гардид.
Марҳилаи гурӯҳӣ аз 11 то 27 июн баргузор мешавад. Дастаҳо дар доираи марҳилаи гурӯҳӣ се бозӣ анҷом медиҳад. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, дар баробари ҳашт дастаи ҷои сеюм марҳилаи плей-офф роҳ меёбанд.
