Дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2026 мунтахабҳои Португалия ва Ҷумҳурии Демократии Конго дар варзишгоҳи “Эн-Эр-Ҷи Стэдиум”-и шаҳри Хюстони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳам рақобат карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт.
Мунтахаби Португалия аллакай дар дақиқаи 6-уми бозӣ ҳисобро боз кард. Нимҳимоятгари ҷавон Жоау Невеш пас аз ирсоли тӯби Педру Нету аз канори чап бо зарбаи сар дарвозаи рақибро рахна намуд ва тими худро ба пеш баровард.
Бо вуҷуди бартарии португалиҳо дар қисми зиёди бозӣ, мунтахаби Ҷумҳурии Демократии Конго дар лаҳзаҳои охири қисми аввал тавонист ҳисобро баробар кунад. Дар дақиқаи 45+5 ҳамлагар Йоан Висса пас аз ирсоли тӯб ба ҷаримагоҳ гол зада, натиҷаро 1:1 намуд.
Ситораи асосии мунтахаби Португалия Криштиану Роналду тамоми 90 дақиқа дар майдон ҳунарнамоӣ кард, аммо ба ӯ муяссар нашуд, ки номи худро дар рӯйхати голзанон сабт намояд.
Пас аз анҷоми даври аввал дар гурӯҳи “K”, мунтахаби Колумбия бо се имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Португалия ва Ҷумҳурии Демократии Конго як имтиёзӣ мебошанд, дар ҳоле ки Ӯзбекистон ҳоло бидуни имтиёз дар мақоми охир ҷой гирифтааст.
Дар даври дуюм мунтахаби Португалия рӯзи 23 июн бо Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Ҷумҳурии Демократии Конго бошад, 24 июн бо Колумбия вориди майдон мешавад. Даври сеюм барои Португалия муқобили Колумбия ва барои Конго бар зидди Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон-2026 аз 11 июн то 19 июл дар се кишвар — ИМА, Канада ва Мексика баргузор гардида, мунтахаби Аргентина қаҳрамони амалкунандаи мусобиқа ба ҳисоб меравад.
