LIVE

Пирӯзии мушкили Нидерланд дар бозии дӯстона зидди Ӯзбекистон

Бозии дӯстона байни мунтахабҳои Нидерланд ва Ӯзбекистон дар варзишгоҳи Икани Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор пирӯзии нидерландиҳо бо ҳисоби 2-1-и ба анҷом расид.
Бозиҳои дӯстона (Тимҳои миллӣ) — 2026.  
8 июни соли 2026, душанбе. 23:45 ДШБ
Нидерланд  2:1 Ӯзбекистон
1:0 Гакпо – 32' 1:1 Сергеев – 90+2' 2:1 Гакпо – 90+8'
Корти сурх: Тил – 87'  
Голи аввали бозӣ аз ҷониби нимҳимоятгари тими миллии Нидерланд Коди Гакпо дар дақиқаи 32-юм аз зарбаи пеналти ба ҳадаф расондида шуд. Нимҳимоятгари мунтахаби Нидерланд  Гус Тил дар дақиқаи 87-ум бо даст берун кардани тӯб ҷаримагоҳи худ аз майдон хориҷ карда шуд. Аммо довар Алисса Пеннингтон пас аз баррасии наворҳои VAR пеналтӣ таъин накард. Ҳамлагари дастаи мунтахаби Ӯзбекистон Игорь Сергеев дар дақиқаи 90+2 ҳисобро тавоинст ҳисобро баробар кунад. Дар дақиқаи 90+8-уми рақобат Коди Гакпо блохираи голи дуюми тимашро ба самар расонида, барои дастааш пирӯзӣ бо ҳисоби 2-1 таъмин намуд.
Ҳардуи ин тимҳо дар Ҷоми ҷаҳон- 2026 ширкат мекунанд. Дар ин мусобиқа Нидерланд дар гурӯҳ бо Ҷопон, Тунис ва Шветсия бозӣ мекунад. Ӯзбекистон бошад бо Португалия, Колумбия ва Ҷумҳурии Демократии Конго рӯбарӯ мешавад.
Нидерланд дар раддабандии ФИФА дар ҷои ҳаштум қарор дошта, тими миллии Ӯзбекистон дар ҷои 50-ум мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив