Бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Чемпионати Аврупо-2024, ки дар он дастаҳои мунтахаби Португалия ва Чехия бо ҳам вохӯрданд, ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи "Ред Булл Арена" – шаҳри Лейптсиг баргузор шуд. Марко Гуида ба сифати довари асосии вохӯрӣ бозиро ҳакамӣ кард. Вохӯрӣ бо пирӯзии дастаи Португалия бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.
Дар дақиқаи 62-юми бозӣ нимҳимоятгари чех Лукаш Провод ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 69-уми бозӣ мунтахаби Португалия ҳисобро баробар кард. Ҳимоятгари чех Робин Гранак ба таври ногаҳонӣ дарвозаи худ гол зад.
Дар дақиқаи 87-уми бозӣ Диогу Жотаи португалӣ гол зад, аммо пас аз тамошои видеои такрорӣ голи ӯ лағв шуд. Бо вуҷуди ин, португалиҳо ба ҳар ҳол тавонистанд пирӯзиро ба даст оранд. Дар дақиқаи 90+2-юм Шику Консейсау голи пирӯзиро ба самар расонд.
Дастаҳои мунтахаби Португалия ва Чехия дар Евро-2024 дар гурӯҳи F бо Гурҷистон ва Туркия бозӣ мекунанд. Бори охир Португалия ва Чехия соли 2022 дар бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Миллатҳо бо ҳам бозӣ карда буданд. Дар ин бозӣ тими миллии Португалия бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Дар Чемпионати Аврупо-2012 дастаи Чехия дар даври чорякниҳоӣ аз Португалия (0:1) мағлуб шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Португалия соли 2016 ғолиби Чемпионати Аврупо шуда буд.
[hide][/hide]
