Бозии даври 1/16 ниҳоӣ байни тимҳои миллии Англия ва Ҷумҳурии Демократии Конго имрӯз, 1-уми июл дар варзишгоҳи «Атланта» (Атланта, ИМА) соати соати 20:40 ба вақти шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Шумо имкон доред, ки ин бозиро ба таври мустақим тариқи ТВ “Футбол” тамошо намоед.
Ҷоми Ҷаҳон – 2026. Даври 1/16 ниҳоӣ
01 июли соли 2026, чоршанбе. 20:40 ДШБ
Англия - ҶД Конго
Тибқи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби Англия бо касби ҳафт хол дар гурӯҳи L зинаи аввалро ишғол намуд. Тими миллии Ҷумҳурии Демократии Конго бо чор хол дар гурӯҳи К зинаи сеюмро гирифт.
Марҳилаи гурӯҳӣ аз 11 то 27 июн баргузор гардид. Дастаҳо дар доираи марҳилаи гурӯҳӣ се бозӣ анҷом дода, ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, дар баробари ҳашт дастаи ҷои сеюм марҳилаи плей-офф роҳ ёфтанд.
