Бозии даври 1/16 ниҳоӣ байни тимҳои миллии Кот-д'Ивуар ва Норвегия имрӯз, 30-юми июн дар варзишгоҳи «Эй-Ти-энд-Ти» (Арлингтон, Техас, ИМА) соати соати 21:40 ба вақти шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Шумо имкон доред, ки ин бозиро ба таври мустақим тариқи ТВ “Футбол” тамошо намоед.
Ҷоми Ҷаҳон – 2026. Даври 1/16 ниҳоӣ
30 июни соли 2026, сешанбе. 21:40 ДШБ
Кот-д'Ивуар - Норвегия
Тибқи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби Кот-д'Ивуар бо касби шаш хол дар гурӯҳи Е зинаи дуввумро ишғол намуд. Тими миллии Норвегия низ шаш хол гирифта, дар гурӯҳи I зинаи дуввумро гирифт.
Марҳилаи гурӯҳӣ аз 11 то 27 июн баргузор гардид. Дастаҳо дар доираи марҳилаи гурӯҳӣ се бозӣ анҷом дода, ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, дар баробари ҳашт дастаи ҷои сеюм марҳилаи плей-офф роҳ ёфтанд.
