LIVE

Холанду Мбаппе дар даври 1/16 ниҳоӣ ба дастаашон пирӯзӣ оварданд

Бозии даври 1/16 ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии ФИФА-2026 байни дастаҳои Кот-д'Ивуар ва Норвегия бо ҳисоби 2-1 дар варзишгоҳи AT&T (Арлингтон, Техас, ИМА) ба нафъи аврупоиён ба анҷом расид.
Ҷоми ҷаҳон - 2026. Даври 1/16 ниҳоӣ
30 июни соли 2026, рӯзи сешанбе. 22:00 ДШБ
Кот-д'Ивуар 1:2 Норвегия
0:1 Нуса – 39' 1:1 Диалло – 74' 1:2 Холанд – 86'
Дар дақиқаи 39-ум Антонио Нуса ҳисобро кушод тими миллии Норвегияро ба пеш баровард. Амад Диалло дар дақиқаи 74-ум ҳисобро баробар кард, аммо Эрлинг Холанд тавонист дар дақиқаи 86-ум голи пирӯизовар занад
Норвегия дар даври 1/8 финалӣ бо Бразилия рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ҳамзамон дар бозии дигари даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон - 2026 Фаронса бар Шветсия дар варзишгоҳи MetLife-и Ист-Рутерфорди ИМА бо ҳисоби бузурги се бар сифр зафар ёфт.
Ҷоми Ҷаҳон - 2026 . 1 июли соли 2026, чоршанбе. 02:00 ДШБ
Фаронса 3:0 Шветсия
1:0 Мбаппе – 45' 2:0 Баркола – 53' 3:0 Мбаппе – 74'
Ҳамлагарон Килиан Мбаппе (ду маротиба) ва Брэдли Баркола аз сафи  тими миллии Фаронса муаллифи гол шуданд
Фаронса рӯзи 5-уми июл дар даври 1/8 финалӣ бо Парагвай бозӣ хоҳад кард.
Ҷоми ҷаҳонии 2026 аз 11 июн то 19 июл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор шуда истодааст. Аргентина қаҳрамони феълии ҷаҳон буда, финали мусобиқаи соли 2022 дар Қатар  Фаронсаро бо ҳисоби 3:3 (4:2 аз рӯи пеналтӣ) мағлуб кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив