LIVE

Холанд тавонист ду гол вориди дарвозаи тими миллии Сенегал намояд

Шаби 22 ба 23-юми июн бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ миёни  тимҳои миллии Норвегия ва Сенегал дар варзишгоҳи MetLife-и Ист Рутерфорди Флоридаи ИМА бо ҳисоби 3-2 ба навъи норвегиҳо ба анҷом расид.
Ҷоми ҷаҳонии ФИФА-2026. Гурӯҳи I. Даври 2-юм
23 июни соли 2026, рӯзи сешанбе. 05:00 ДШБ
Норвегия 3:2 Сенегал
1:0 Педерсен – 43' 2:0 Холанд – 48' 2:1 Сарр – 53' 3:1 Холанд – 58' 3:2 Сарр – 90+3'
Голҳои дастаи ғолибро ҳимоятгар Маркус Педерсен ба самар расонид. Ин бозигар дар дақиқаи 13-ум ба майдон ва аллакай дар дақиқаи 43-ум ҳисобро кушод. Муаллифи дуголи дигари викингҳо ҳамлагар Эрлинг Холанд мебошад.
Ҳамлагари 28-солаи мунтахаби Сенегал Исмоил  Сарр ҳам ду гол ба номаш навишта кард.
Бозии навбатии тими милии Норвегия 26 июн бо Фаронса хоҳад буд. Сенегал дар ин рӯз 26 июн бо Ироқ рӯбарӯ мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив