Бошгоҳи саудии “Ал-Иттиҳод” расман аз рафтани сармураббияш Сержиу Консейсау хабар дод.
Мураббии 51-солаи португалӣ аз моҳи октябри соли 2025 инҷониб дар даста кор мекунад. Таҳти роҳбарии ӯ бошгоҳи “Ал-Иттиҳод” дар Про-лигаи Арабистони Саудӣ ҷои панҷумро ишғол карда, ба нимфинали Ҷоми шоҳигарӣ ва инчунин ба даври чорякфинали Лигаи Чемпионҳои Осиё роҳ ёфта буд.
Бошгоҳ қайд кард, ки қарор оиди қатъ кардани шарикӣ пас аз таҳлили муфассали фаъолияти даста ва арзёбии натиҷаҳои бадастомада қабул шудааст. Роҳбарият бар ин назар аст, ки ин қадам барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои муқарраршуда баҳри марҳилаи ояндаи рушд зарур аст.
