Нимҳимоягари нидерландии "Барселона" Френки де Йонг метавонад дар сафи бошгоҳи саудии "Ал-Иттиҳод" идомаи маснади варзишӣ намояд, дар ин бора El Nacional хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи саудӣ омода аст, ки барои ин бозигар 50 миллион евро пешниҳод кунад. Роҳбарияти «Барселона» ин пешниҳодро баррасӣ мекунад, аммо бо вуҷуди он, ки қарор оиди гузариши бозигар дар ояндаи наздик қабул бигардад, бозигар намехоҳад қабл аз тобистони соли 2025 ба сафи “Ал-Иттиҳод” ҳамроҳ шавед.
Сомонаи Transfermarkt арзиши трансфери де Йонгро 45 миллион евро арзёбӣ кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки мӯҳлати шартномаи футболбоз бо “каталонияҳо” то тобистони соли 2026 мебошад.
