Бошгоҳи футболи «Брага»-и кишвари Португалия хабар дод, ки бо бошгоҳи «Ал-Иттиҳод»-и Арабистони Саудӣ дар мавриди интиқоли бозигари канории 19-сола Роҷер Фернандеш ба мувофиқа расидааст. Ба иттилои хадамоти матбуоти тими португалӣ маблағи гузариш 32 миллион евроро ташкил додааст.
Қайд карда мешавад, ки бозигари португалӣ метавонад дар сурати фаъол шудани иловапулиҳои инфиродӣ ва даставӣ баҳри гузариш 2,5 миллион еврои иловагӣ бигирад, ки дар ин сурат маблағи муомилот то 34,5 миллион евро афзоиш меёбад.
«Брага» аз самими қалб ба Роҷер дар фаъолияти шахсӣ ва касбӣ барори кор орзу мекунад», - омадааст дар изҳороти сомонаи расмии бошгоҳӣ.
Роҷер Фернандес дастпарвари “Брага” буда, аз тобистони соли 2023 дар ҳайати асосии бошгоҳи зодгоҳаш бозӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, бозигари мунтахаби ҷавонони Португалия дар ҳайати даста дар тамоми мусобиқаҳо 91 бозӣ анҷом дода, муаллифи 12 гол ва 16 ассист шудааст.
