LIVE

«Челси» бар ивази 74 млн евро ду бозигари «Спортинг» мехарад

Хабарнигор ва инсайдер Фабрисио Романо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, ки  “Челси”-и Лондон ду футболбози ҷавонро аз дастаи “Спортинг”-и шаҳри Лиссабон ба маблағи умумии тақрибан 74 миллион евро харидорӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, «нафақахӯрон» бо ҳамлавари канории 17-солаи португалӣ Жеовани Кенда ва инчунин нимҳимоятгари дифоъкори 20-сола аз Португалия Дарио Эсугу, ки ҳоло дар тими «Лас-Палмас»-и испанӣ ба иҷора гирифта шудааст, шартнома имзо кардаанд.
Қайд карда мешавад, ки Эсугу (бар ивази 22,27 миллион евро) тобистони соли 2025 ба «Челси» мепайвандадва Кенда бошад (бо арзиши 52,14 миллион евро) як сол дар «Спортинг» мемонад ва тобистони соли 2026 ба бозигари «Челси» табдил меёбад.
Мавсими имсола нимҳимоятгари дифоъкори “Лас-Палмас” дар ҳамаи мусобиқаҳо 19 бозӣ анҷом дода, як гол задааст. Кенда бошад дар 44 бозӣ   дар ҳайати бошгоҳи шаҳри Лиссабон ду гол ва ҳашт ассист дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив