Бошгоҳи «Ювентус»-и Турин бо ҳамлавари “ПСЖ” Рандал Коло Муани шартнома имзо кард. Дар ин бора рӯзноманигор ва инсайдер Фабрисио Романо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ бозигари фаронсавӣ тариқи иҷора ба бошгоҳи шаҳри Турин ба муддати шаш моҳ бидуни харидорӣ пайваст. Коло Муани ин ҳафта барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ ба шаҳри Турин парвоз мекунад. Қайд карда мешавад, ки “парижиҳо” ба интиқоли пурра ё харидани форвард исрор меварзиданд, аммо худи бозигар барои зудтар анҷом додани музокирот ба пешниҳоди “Ювентус” исрор кардааст.
Коло Муани ин мавсим дар тамоми мусобиқаҳо 14 бозӣ анҷом дода, ба задани ду гол ва як ирсоли партофти головар даст ёфтааст. Шартномаи ҳамлагар бо “ПСЖ” бошад то тобистони соли 2028 амал мекунад. Ба иттилои сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 30 миллион евро арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки футболбози фаронсавӣ тобистони соли 2023 ба маблағи 95 миллион евро ба бошгоҳи шаҳри Париж гузариш анҷом дода буд.
