LIVE

Роналду бо “Ал-Наср” аз гирифтани 13 ҷоиза маҳрум шудааст

Ҳамлагар ва сарвони бошгоҳи “Ал-Наср” Криштиану Роналду дар тӯли қариб се сол бо ин тими саудӣ аз пирӯзӣ дар 13 мусобиқа маҳрум шудааст.
Рӯзи сешанбе, 28-уми октябр дастаи шаҳри Риёз дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз “Ал-Иттиҳод” бо ҳисоби 2-1 мағлуб шуд.
Ҷоми Шоҳигарӣ. Даври 1/8 финалӣ
Сешанбе, 28 октябри соли 2025. Соати 23:00 ДШБ
“Ал-Наср” (Риёз) 1:2 “Ал-Иттиҳод” (Ҷидда)
0:1 Бензема – 15' 1:1 Анҷело – 30' 1:2 Ауар – 45+2'
Корти сурх: Ал-Ҷулайдон – 49'
Ягона ҷоизаи ин бозигари 40-сола бо “Ал-Наср” Ҷоми қаҳрамонҳои арабӣ дар соли 2023 аст. Аммо, ин мусобиқа дӯстона ҳисобида мешавад.
Шартномаи феълии Роналду бо ин бошгоҳ то тобистони соли 2027 эътибор дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt  арзиши бозории ӯ 12 миллион евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив