LIVE

“ПСЖ” унвони қаҳрамониро дар Лигаи чемпионҳо ҳифз кард

Бозии финалии Лигаи чемпионҳои УЕФА дар мавсими 2025/2026 миёни дастаҳои “Пари Сен-Жермен”-и Фаронса ва “Арсенал”-и Англия баргузор гардида, бо пирӯзии бошгоҳи шаҳри Париж анҷом ёфт.
Вохӯрии ниҳоӣ дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена”-и шаҳри Будапешти Маҷористон доир шуда, довари олмонӣ Даниэл Зиберт онро ҳакамӣ кард. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт ва сарнавишти ҷом дар силсилаи зарбаҳои пеналтӣ ҳал шуд. Дар ин қисмат футболбозони “ПСЖ” дақиқтар амал карда, бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуданд.
Ҳисобро аллакай дар дақиқаи 6-уми бозӣ ҳамлагари “Арсенал” Кай Ҳавертс боз кард. Парижиҳо дар қисми дуюми рақобат тавонистанд натиҷаро баробар намоянд. Дар дақиқаи 65-ум Усмон Дембеле зарбаи пеналтиро бомуваффақият иҷро карда, ҳисобро 1:1 намуд.
Дар силсилаи пеналтиҳо бошад, бозигарони “ПСЖ” хунсардтар баромад карда, ҷоми қаҳрамониро соҳиб шуданд.
Ҳамин тариқ, “Пари Сен-Жермен” унвони қаҳрамони Лигаи чемпионҳои УЕФА-ро ҳифз намуда, бори дуюм пай дар пай соҳиби муҳимтарин ҷоми клубии Аврупо гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив