LIVE

“Арсенал” бо шарофати голи Кай Хавертс аз бохт наҷот ёфт

Бозии аввали даври ҳаштякниҳоии Лигаи чемпионҳо миёни дастаҳои “Байер”-и Леверкузен ва “Арсенал”-и Лондон баргузор гардид. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Бай-Арена”-и шаҳри Леверкузен сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Халил Мелер аз Туркия ба ҳайси довари асосии бозӣ фаъолият намуд.

Ҳисоб дар оғози нимаи дуюм кушода шуд. Дар дақиқаи 46-ум нимҳимоятгари “Байер” Роберт Андрих гол зада, мизбононро ба пеш баровард. Бозигарони “Арсенал” то дақиқаҳои охири бозӣ кӯшиш карданд натиҷаро баробар намоянд. Ниҳоят дар дақиқаи 89-ум ҳамлагари “тӯпчиён” Кай Хавертс зарбаи 11-метраро бомуваффақият иҷро карда, ҳисобро баробар кард.

Қобили зикр аст, ки бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 17-уми март баргузор мешавад. Ин дидор дар варзишгоҳи “Эмирейтс”-и шаҳри Лондон доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи плей-офф “Байер”-и Леверкузен аз рӯи ҳисоби умумии ду бозӣ “Олимпиакос”-ро бо натиҷаи 2:0 мағлуб карда буд. “Арсенал” дар марҳилаи умумии мусобиқа 24 имтиёз ба даст оварда, ҷойи аввалро ишғол карда, ба марҳилаи ҳаштякниҳоии мусобиқа мустақим роҳ ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив