Бозии даври 3-юми марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо дар мавсими 2025/2026 миёни дастаҳои “Арсенал”-и Лондон ва “Атлетико Мадрид” ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи “Эмирейтс”-и шаҳри Лондон баргузор шуда, бо ҳисоби 4:0 ба нафъи мизбонон хотима ёфт.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 3-юм
Чоршанбе, 22 октябри соли 2025. 00:00 ДШБ
“Арсенал” (Лондон, Англия) 4:0 “Атлетико Мадрид” (Мадрид, Испания)
1:0 Магалянс – 57' 2:0 Мартинелли – 64' 3:0 Дёкереш – 67' 4:0 Дёкереш – 70'
Ҳисобро дар дақиқаи 57-ум ҳимоятгари мизбонон Габриэл Магалянс кушод. Ҳамлагари бошгоҳи шаҳри Лондон Габриэл Мартинелли дар дақиқаи 64-ум голи дуюми тимашро зад. Дар дақиқаи 67-ум ва 70-ум бошад ҳуҷумкунандаи “тӯпчиён” Виктор Дёкереш ду голи дигар вориди дарвозаи ҳарифон намуд.
Пас аз бозии даври 3-юм «Арсенал» бо 9 имтиёз дар ҷадвали умумии Лигаи Чемпионҳо дар ҷои сеюм қарор дошта, “Атлетико Мадрид” бо се хол дар ҷои 18-ум қарор дорад.
Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои мавсими ҷорӣ дар варзишгоҳи Пушкаш Аренаи шаҳри Будапешт рӯзи 30-юми майи соли 2026 баргузор мешавад.
