LIVE

 “Реал Мадрид” бо вуҷуди ҳама мушкилиҳояш тавонист, ки “Манчестер Сити”-ро мағлуб кунад

Дар бозии аввали даври ҳаштякниҳоии Лигаи чемпионҳо дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Манчестер Сити” ба ҳам омаданд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу” шаҳри Мадрид баргузор гардида, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт. Довари асосии дидор Мауритсио Мариани аз Италия буд.

Қаҳрамони асосии ин бозӣ нимҳимоятгари уругвайии “Реал” Федерико Валверде гардид. Ӯ дар дақиқаи 20-ум ҳисобро боз кард ва “Реал Мадрид”-ро ба пеш баровард. Ҷолиб он аст, ки паси голиро дарвозабон Тибо Куртуа анҷом дод.

Валверде дар дақиқаи 27-ум голи дуюми худро ба самар расонда, бартарии мизбононро бештар кард. Дар дақиқаи 42-юм бошад, ӯ боз як маротиба дарвозаи рақибро фатҳ карда, хет-трик ба номаш сабт намуд.

Дар нимаи дуюм ҳамлагари бразилии “Реал” Винисиус Ҷуниор дар дақиқаи 58-ум имкони зиёд кардани ҳисобро дошт, аммо зарбаи пеналтиашро дарвозабони “Манчестер Сити” Ҷанлуиҷи Доннарумма баргардонд.

Бояд қайд кунем, ки аз ҳайати “Реал Мадрид” 10 бозигари асосӣ бинобар сабаби осеб дар бозӣ муқобили “Манчестер Сити” иштирок надоштанд ва бо вуҷуди ҳама мушкилиҳо шогирдони Алваро Ареблоа тавонистанд, ки “Манчестер Сити”-ро мағлуб кунанд.

Қобили зикр аст, ки бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 17-уми март баргузор мешавад. Ин дидор дар варзишгоҳи “Иттиҳод” шаҳри Манчестер доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи плей-офф “Реал Мадрид” аз рӯи ҳисоби умумии ду бозӣ “Бенфика”-ро бо натиҷаи 3:1 мағлуб карда буд. “Манчестер Сити” дар марҳилаи умумии мусобиқа бо 16 имтиёз ҷойи ҳаштумро ишғол намуда, мустақим ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив