LIVE

 Мбаппе бори аввал аз ҳайати “Реал” дар ЛЧ хет-трик кард

Бозии ҷавобии даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Манчестер Сити” ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу”-и шаҳри Мадриди Испания бозӣ карданд. Ин вохӯриро ҳайати доварон аз Руминия таҳти роҳнамоии Иштван Ковач идора карданд. “Реал Мадрид” бо ҳисоби 3:1 ғалаба намуд.

Ҳисоб дар ин бозӣ дар дақиқаи чаҳорум боз шуд ва ҳамлагари дастаи “Реал Мадрид” Килиан Мбаппе муаллифи гол гардид. Дар дақиқаи 33-юм Мбаппе дубл ва дар дақиқаи 61-ум хет-трик кард. Дар дақиқаи 90+2-юм Нико Гонсалес ягона голи “Манчестер Сити”-ро ба самар расонид.

Дифоъгари ӯзбек Абдуқодир Ҳусанов дар ин бозӣ аз дақиқаҳои аввал вориди майдон шуд. Нико Гонсалес аввалин голро дар ҳайати “Манчестер Сити” ба самар расонид. Мбаппе дар Лигаи Чемпионҳо аввалин бор муаллифи хет-трик дар ҳайати тими шаҳри Мадрид шуд.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали плей-офф миёни ин дастаҳо бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи “Реал Мадрид” анҷом ёфта буд. Ҳамин тариқ бошгоҳи шаҳри Мадрид ба даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳо дар маҷмӯъ бо ҳисоби 6:3 баромад. Дар ин марҳила рақибони эҳтимолии “Реал Мадрид” дастаҳои “Байер” ва “Атлетико Мадрид” хоҳанд буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив