Бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” дар бозии даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳо дар сафар тими “Манчестер Сити”-и Англияро шикаст дод. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Иттиҳод”-и шаҳри Манчестер доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 3 ба фоидаи тими шаҳри Мадрид анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ, бошгоҳи шаҳри Мадрид бори аввал дар таърихи худ дар бозии меҳмонӣ бар зидди “Манчестер Сити” дар вақти асосӣ пирӯз шуд.
Бояд қайд кард, ки клуби шоҳона дар даври чаҳорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо дар мавсими гузашта, дар варзишгоҳи “Иттиҳод” бар “Манчестер Сити” ғолиб омада буд. Онҷо дастаи Анчелотти дар силсилазарбаҳои пенгалтӣ бо ҳисоби 4 бар 3 ғалаба карда буд. Бозӣ дар Мадрид бо натиҷаи мусовии 3 бар 3 ва дар Манчестер бо натиҷа мусовии 1 бар 1 хотима ёфта буд.
Дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Манчестер Сити” қаблан муқобили ҳамдигар 14 бозӣ доир кардаанд. 5 ғалаба ба фоидаи “Манчестер Сити” , 4 ғалаба ба фоидаи “Реал Мадрид” ва 5 натиҷаи мусовӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин пирӯзӣ ғалабаи 5-уми “Реал Мадрид” дар бозиҳо муқобили “шаҳриҳо” буд.
Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 20-уми феврал дар шаҳри Мадрид сурат мегирад.
Ғолиби феълии Лигаи Чемпионҳо “Реал Мадрид” маҳсуб мешавад. Дар финал “Реал” бо ҳисоби 2 бар 0 “Боруссия”-и Дортмундро мағлуб карда буд.