LIVE

«Интер» дар Лигаи Чемпионҳо аввалин голро ба дарвозааш сар дод

Бозии даври 6-уми марҳалаи умумии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, ки дар он дастаҳои «Байер Леверкузен»-и Олмон ва «Интер»-и Италия вохӯрданд,   дар варзишгоҳи “BayArena” дар шаҳри Леверкузени (Олмон) баргузор шуд ва бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи «Байер» анҷом ёфт.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 6-ум
11 декабри соли 2024, сешанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Байер” (Леверкузен, Олмон) 1:0 “Интер М” (Милан, Италия)
1:0 Мукиеле – 90'
Дар қисми аввал дастаҳо натавонистанд ҳисобро боз кунанд. Дар дақиқаи 90-ум ҳимоятгари «Байер» Норди Мукиеле голи ягонаи дидорро ба самар расонд. Ин ҳам нахустин голе гардид, ки  “ Интер”-и Милан дар мавсими ҷории Лигаи Чемпионҳо ба дарвозааш сар дода буд.
Айни замон «Байер»-и Олмон дар ҷадвали марҳилаи умумии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар ҷои дуюм аст. Даста дар шаш вохурй 13 хол гирифта,  «Интер» бо 13 хол  дар зинаи чорум мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив