Бозии ниҳоии Ҷоми байниқитъавии ФИФА- 2025 байни дастаҳои “Пари Сен-Жермен” (Фаронса) ва “Фламенго” (Бразилия) дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ дар Ал-Райёни Қатар баргузор шуда, бо ҳисоби 1-1 (2-1 аз пеналтӣ) ба нафъи тими фаронсавӣ ба анҷом расид.
Ҷоми байниқитъавии ФИФА-2025. Финал
Чоршанбе, 17 декабри соли 2025. Соати 22:00 ДШБ
ПСЖ (Париж, Фаронса) 1:1 (2:1) “Фламенго” (Рио-де-Жанейро, Бразилия)
1:0 Кваратсхелия – 38' 1:1 Жоржинйо – 62'
Бозигари ПСЖ Хвича Кваратсхелия дар дақиқаи 38-ум ҳисобро кушод. Нимҳимоятгари “Фламенго” Жоржинйо бошад дар дақиқаи 62-юм аз зарбаи пеналти ҳисобро баробар кард. Вақти иҷроиши силсилазарбаҳои пеналтӣ бошад бозигарони ПСЖ дақиқтар буданд.
Финали Ҷоми байниқитъавӣ байни ғолибони мусобиқаҳои асосии бошгоҳӣ дар Аврупо ва Амрикои Ҷанубӣ: Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА ва Ҷоми Либертадорес баргузор шуд.
Ғолиби қаблии ин мусобиқа ва бошгоҳи серҷоизадортарин “Реал Мадрид” буд.
