LIVE

Бразилия дар бозии дӯстона Тунисро шикаст дода натавонист

Бозии дӯстона миёни яккачинҳои миллии Бразилия ва Тунис   дар майдони Декатлон Арена Пйер-Мауро (Вилнев-д'Аск, Фаронса)   бо ҳисоби мусовии 1-1 ба анҷом расид.
Бозиҳои дӯстона (тимҳои миллӣ) — 2025. 
19 ноябри соли 2025, чоршанбе. 00:30 ДШБ
Бразилия 1:1 Тунис
0:1 Мастури – 23' 1:1 Эстевао – 44'
Ҳамлагари яккачини Тунис Ҳазем Мастури голи аввали бозиро дар дақиқаи 23-юм зад. Дар дақиқаи 44-ум бошад бозигари 18-солаи “Челси” Эстевао аз зарбаи пеналтӣ ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 78-ум ба Бразилия ҳаққи иҷроиши зарбаи дуюми пеналти дода шуд, аммо Лукас Пакета аз ӯҳдаи иҷрокунии муваффақи он набаромад.
Ҳарду даста қаблан бомуваффақият ба Ҷоми ҷаҳонии 2026, ки тобистони оянда дар се кишвар: Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад, роҳ ёфта буданд.
Аргентина қаҳрамони кунунии ҷаҳон аст. Дар финали Ҷоми ҷаҳон - 2022 тими миллии Аргентина бо Фаронса рӯбарӯ шуд. Бозӣ дар вақти асосӣ бо ҳисоби 3-3 ба анҷом расид, аммо Аргентина дар силсилазарбаҳои пеналти (4-2) пирӯз шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив