Дар бозии аввали марҳилаи нимниҳоии Лигаи чемпионҳо дастаҳои “ПСЖ”-и Фаронса ва “Бавария”-и Олмон ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Парк де Пренс”-и шаҳри Париж доир шуда, бо ҳисоби 5 бар 4 ба фоидаи “ПСЖ” хотима ёфт.
Ҳисобро дар дақиқаи 17-ум Ҳарри Кейн аз пеналтӣ ба фоидаи “Бавария” боз кард. Дар дақиқаи 25-ум Хвича Кваратсхелия ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 33-юм Жоау Невеш дар ҳисоб “ПСЖ”-ро ба пеш баровард, аммо Майкл Олисе дар дақиқаи 41-ум таносуби бозиро баробар намуд.
Дар дақиқаи 45+5-уми бозӣ ҳамлагари фаронсавӣ Усмон Дембеле аз зарбаи пеналтӣ гол зада, қисми аввалро бо бартарии “ПСЖ” ба поён расонид.
Хвича Кваратсхелия дар оғози нимаи дуюми вохӯрӣ голи дуюмашро ба самар расонид. Ҳамлагари гурҷӣ аз паси головари Ашраф Ҳакимӣ истифода намуда, дар дақиқаи 56-ум гол зад. Пас аз ду дақиқа Усмон Дембеле ҳам ба номаш дублро сабт намуда, ҳисобро 5 бар 2 намуд.
Бо вуҷуди ин, “Бавария” таслим нашуд ва дар дақиқаи 65-ум бо голи Дайо Упамекано ва дар дақиқаи 68-ум бо голи Луис Диас ҳисоби ниҳоиро 5 бар 4 намуд.
Ҳамин тавр, дар бозии нимниҳоии Лигаи чемпионҳо миёни дастаҳои “Пари Сен-Жермен” ва “Бавария” дар маҷмӯъ 9 гол ба қайд гирифта шуд, ки рекорди нави мусобиқа аст.
Тибқи иттилои Opta, ин аввалин ҳолат дар таърихи мусобиқа аст, ки дар як бозии нимниҳоӣ чунин шумораи зиёди голҳо ба қайд гирифта мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи нимниҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо дар мавсими 1959/1960 “Айнтрахт” бар “Рейнҷерс” бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуда буд. Аммо он мусобиқа бо формати дигар баргузор мегардид.
Инчунин, "ПСЖ" бори аввал дар шаш бозӣ дар Лигаи чемпионҳо бар "Бавария"-и Мюнхен пирӯз шуд. Пеш аз ин бозӣ, "ПСЖ" бори охир дар бозии аввали марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи чемпионҳои мавсими 2020/2021 бар "Бавария" бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд.
Бозии ҷавобӣ байни дастаҳо рӯзи 6-уми май дар варзишгоҳи “Алянс Арена”-и шаҳри Мюнхен баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ “ПСЖ” бар “Ливерпул” бо ҳисоби умумии 4:0 ғолиб омад. “Бавария” дар бозӣ муқобили “Реал Мадрид” бо ҳисоби умумии 6 бар 4 зафар ёфт.
