LIVE

“Интер” - ғолиби Ҷоми Италия дар мавсими 2025/26

Финали Ҷоми Италия дар мавсими 2025/2026 миёни дастаҳои “Латсио” ва “Интер” ба анҷом расид. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Олимпико”-и шаҳри Рим баргузор шуда, бо пирӯзии дастаи шаҳри Милан бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт.
Голи аввалро ҳимоятгари “Латсио” Адам Марушич дар дақиқаи 14-ум иштибоҳан ба дарвозаи худ зада, муаллифи худгол гардид. Дар дақиқаи 35-ум ҳамлагари “Интер” Лаутаро Мартинес голи дуюми дастаашро ба самар расонд.
Ҳамин тавр, “Интер” соҳиби Ҷоми Италия гардид ва мавсимро бо як унвони муҳими дигар ҷамъбаст кард. Қаблан, “Интер” дар Серияи А унвони қаҳрамониро пеш аз муҳлат ба даст оварда буд.
Дар марҳилаи нимниҳоӣ “Интер”аз ҳисоби умумии ду бозӣ “Комо”-ро бо натиҷаи 3:2 мағлуб карда буд. “Латсио” бошад, баъди ду мусовӣ бо “Аталанта” (3:3) дар силсилаи пеналти бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфта буд.
Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони мавсими гузашта дастаи “Болоня” буд, ки дар финал “Милан”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.
Барои дастаи “Интер” ин унвони 10-уми қаҳрамонӣ дар Ҷоми Италия ба ҳисоб меравад. Қаблан, даста солҳои 1938/39, 1977/78, 1981/82, 2004/05, 2005/06, 2009/10, 2010/11, 2021/22 ва 2022/23 ба қаҳрамонӣ расида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив