Бозии даври 1/8 финалии Ҷоми Италия байни тимҳои “Латсио” ва “Милан” дар варзишгоҳи Олимпикои шаҳри Рим бо ҳисоби 1-0 ба нафъи римиҳо анҷом ёфт.
Ҷоми Италия. Даври 1/8 финалӣ
5 декабри соли 2025, ҷумъа. 01:00 ДШБ
“Латсио” (Рим) 1:0 “Милан” (Милан)
1:0 Закканйи – 80'
Дастаҳо дар нимаи аввал натавонистанд гол зананд. Голи ягонаи ин дидор дар дақиқаи 80-ум аз ҷониби ҳамлавари “Латсио” Маттиа Закканйи зада шуд.
Ҳамин тариқ, "Латсио" ба даври чорякфинали Ҷоми Италия роҳ ёфт, дар ҳоле ки "Милан" аз идомаи рақобатҳо бенасиб гардид. Қаблан ҳашт дастаи беҳтарини мусобиқа "Ювентус", "Аталанта", "Наполи", "Интер" ва "Болоня" ба ин марҳила роҳ ёфта буданд. Бозиҳои охирини даври 1/8 ниҳоӣ рӯзҳои 13 ва 27-уми январ баргузор мешаванд. "Рома" бо "Торино" ва "Фиорентина" бо "Комо" бозӣ мекунанд.
