LIVE

"Интер Милан" бо ҳисоби бузург "Рома"-ро мағлуб кард

Бозӣ байни дастаҳои "Интер Милан" ва "Рома" дар даври 31-уми мавсими ҷории Серияи А-и Италия дар варзишгоҳи "Ҷузеппе Меатза"-и шаҳри Милан  бо ҳисоби 5-2 ба нафъи соҳиби майдон ба анҷом расид.
Италия - Серияи А. Даври 31-ум
5 апрели соли 2026, якшанбе. 23:45 ДШБ
“Интер Милан” (Милан) 5:2 “Рома” (Рим)
1:0 Мартинес – 2' 1:1 Манчини – 40' 2:1 Чалханоглу – 45+2' 3:1 Мартинес – 52' 4:1 Тюрам – 55' 5:1 Барелла – 63' 5:2 Пеллегрини – 70'
Ҳамлагари мизбонон Лаутаро Мартинес дар дақиқаи дуюми рақобат ҳисобро кушод. Муҳофизатгари “Рома” Ҷанлука Манчини бошад дар дақиқаи 40-ум ҳисобро баробар кард. Вақти анҷомёби дақиқаи дуюми иловашуда ба нимаи нахусти бозӣ нимҳимоятгари мизбонон Хоқон Чалханоглу  “Интер”-ро ба пеш баровард.
Дар дар дақиқаи 52-юми рақобат Лаутаро Мартинес аз голи дуюми хеш истиқбол гирифт ва ҳисоби бозиро се бар як намуд. Муаллифи голи чоруми мизбонон дар дақиқаи 55-ум ҳамлагар Маркус Тюрам гардид. Нимҳимоятгар Николо Барелла бошад дар дақиқаи 63-юм голи панҷуми Интерро ба ҳадаф расонид. Аз ҷониби "Рома" бошад Лоренсо Пеллегрини танҳо дар дақиқаи 70-ум тавонист ҳисобро 2-5 намояд ва ҳамин тариқ “Интер” бо чунин ҳисоби бузург пирӯзӣ ба даст овард.
"Интер" бо 72 имтиёз аз 31 бозӣ пешсафи ҷадвали Серияи А-и Италия буда, "Рома" бо 54 имтиёз дар ҷои шашум қарор дорад.
Дар даври баъдӣ "Интер" бо "Комо" (12-уми апрел) ва "Рома" бо "Пиза" (10-уми апрел) бозӣ хоҳанд кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив