Бозии даври 20-уми Серияи А-и Италия байни дастаҳои “Интер Милан” ва “Наполи дар варзишгоҳи Сан Сиро (Ҷузеппе Меатза) дар шаҳри Милан бо ҳисоби мусовии 2-2 ба анҷом расид.
Италия - Серияи А. Даври 20-ум
12 январи соли 2026, душанбе. 00:45 ДШБ
“Интер Милан” (Милан) 2:2 “Наполи” (Неапол)
1:0 Димарко – 9' 1:1 Мактоминей – 26' 2:1 Чалханоглу – 73' 2:2 Мактоминей – 81'
Ҳимоятгари “Интер” Федерико Димарко дар дақиқаи нӯҳум ҳисобро кушод. Скотт Мактоминей аз дастаи меҳмонон бошад дар дақиқаи 27-ум ҳисобро баробар кард. Ҳакан Чалханоғлу дар дақиқаи 73-юм мизбононро дигарбора ба пеш баровард. Мактоминей дар дақиқаи 81-ум бо задани дуюмин голи хеш ҳисобро баробар кард.
“Интер Милан” пас аз 18 бозӣ бо 43 имтиёз дар ҷадвали Серияи А-и Италия пешсаф аст. “Наполи”, ки пас аз 18 бозӣ 39 имтиёз ба даст овардааст, дар ҷои сеюм мебошад. “Милан” бо 40 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвал аст.
