LIVE

Пирӯзии бузурги "Интер" бар "Фиорентина" дар даври 9-уми Серияи А

Бозии даври 9-уми Серияи А-и Италия байни "Интер Милан" ва "Фиорентина"-и Флоренсия дар варзишгоҳи "Ҷузеппе Меатса"-и Милан бо ҳисоби 3-0 ба нафъи мизбонон хотима ёфт.
Италия - Серияи А. Даври 9-ум
Панҷшанбе, 30 октябри соли 2025. 00:45 ДШБ
“Интер Милан” (Милан) 3:0 “Фиорентина” (Флоренсия)
1:0 Чалханоглу – 66' 2:0 Сучич – 71' 3:0 Чалханоглу – 88'
Корти сурх: Вити – 86'
Ҳокан Чалханоглу голи аввали бозиро дар дақиқаи 66-ум  зада, голи дуюми хешро нимҳимоятгари туркӣ дар дақиқаи 88-ум ба самар расонид. Баъди панҷ дақиқаи голи нахусти Хакан нимҳимоятгар Петар Сучич бартарии мизбононро афзоиш дод. Дар дақиқаи 86-ум бошад ҳимоятгари бошгоҳи шаҳри Флоренсия Маттиа Вити корти дуюми зард гирифт ва аз майдон хориҷ карда шуд.  
Пас аз ин бозӣ, "Интер" бо 18 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвали чемпионати Италия қарор гирифта, "Фиорентина" бо чор имтиёз   дар ҷои 19-ум мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив