LIVE

Унаи Эмери яке аз номзадҳои асосӣ дар вазифаи сармураббигии “Реал Мадрид”

Тибқи иттилои нашрияи talkSPORT номи сармураббии бошгоҳи “Астон Вилла” Унаи Эмери ҳамчун номзади эҳтимолӣ дар вазифаи сармураббии “Реал Мадрид” баррасӣ мешавад.
Ба гуфтаи  манбаъ роҳбарияти бошгоҳи испанӣ ин мураббии 54-соларо ба рӯйхати номзадҳо баҳри иваз кардани мураббии кунунӣ дохил кардааст ва ӯ яке аз вариантҳои пешсаф аст.
Эмери тирамоҳи соли 2022 роҳбарии бошгоҳи “Астон Вилла”-ро ба ӯҳда мегирад ва шартномаи кунунии ӯ бо ин тими англисӣ то соли 2029 мӯҳлат дорад. Аммо қайд карда шуд, ки ин мураббии испанӣ метавонад бо назардошти маҳдудиятҳои молиявии бошгоҳи шаҳри Бирмингем ба вазифаи сармураббигии “Реал Мадрид” таваҷҷӯҳ дошта бошад. 
“Астон Вилла” айни замон бо 58 имтиёз аз 35 бозӣ дар зинаи панҷуми ҷадвали Премер-лигаи Англия қарор дорад. 
Даста инчунин дар мусобиқаҳои аврупоӣ рақобатро идома медиҳад. Онҳо дар нимфинали Лигаи Аврупо бо “Ноттингем Форест” рӯбарӯ мешаванд. Бозии аввал бо бохт бо ҳисоби 0-1 барои “Вилла” анҷом ёфт ва бозии ҷавобӣ рӯзи 7-уми май баргузор мешавад.
Эмери қаблан дар лигаи олии Испания кор карда, тимҳои “Алмерия”, “Валенсия”, “Севиля” ва “Вилярреал”-ро тамрин медод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив