LIVE

Пирӯзии бузурги “Рома” зидди “Фиорентина” дар Серияи А

Бозии даври 35-уми Серия А-и Италия 2025/2026 байни дастаҳои “Рома” ва “Фиорентина”  дар варзишгоҳи Олимпикои шаҳри Рим  бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 4-0 анҷом ёфт.
Италия - Серия А. Даври 35-ум
4 майи соли 2026, душанбе. 23:45 ДШБ
“Рома” (Рим) 4:0 “Фиорентина” (Флоренсия)
1:0 Манчини – 13' 2:0 Франса – 17' 3:0 Эрмосо – 34' 4:0 Пизилли – 58'
Дар дақиқаи 13-ум ҳимоятгар Ҷанлука Манчини ба “Рома” пешсафӣ овард. Ҳимоятгари дигари ин тим Уэсли Франса дар дақиқаи 17-ум бартарии дастаи пойтахтро дучанд намуд. Дар дақиқаи 34-ум бошад Марио Эрмосои испанӣ ҳисобро ба се бар сифр расонд. Билохира дар дақиқаи 59-ум нимҳимоятгар Никколо Пизилли голи чоруми "гургон"-ро ба ҳадаф расонид.
“Рома” шумораи холҳои худро дар ин мавсим ба 64 расонд. Даста дар ҷадвали лига панҷум аст ва як хол аз "Ювентус" камтар дорад, ки дар минтақаи Лигаи Чемпионҳои УЕФА қарор дорад  ва се хол аз "Милан" қафо мондааст. “Фиорентина” бошад бо 37 хол дар зинаи 15-ум мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив