Бозии даври 24-уми Серияи А-и Италия байни дастаҳои “Рома” ва “Каляри” дар варзишгоҳи "Стадио Олимпико"-и Рим бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2-0 поён ёфт.
Италия - Серияи А. Даври 24-ум
10 феврали соли 2026, сешанбе. 00:45 ДШБ
“Рома” (Рим) 2:0 “Каляри” (Каляри)
1:0 Мален – 25' 2:0 Мален – 65'
Ҳамлагари "Рома" Дониелл Мален дар дақиқаи 25-ум ҳисобро кушод ва сипас дар дақиқаи 65-ум ҳисобро 2:0 кард. Мҳз ду голи ин бозигари нидерландӣ барои тими римӣ пирӯзиро таъмин кард.
Пас аз 24 даври чемпионати Италия "Рома" бо 46 имтиёз дар ҷои панҷум қарор дорад. "Каляри" бошад 28 имтиёз дошта, зинаи 12-умро ишғол кардаст. Пешсафи ҷадвали Серияи А "Интер Милан" аст, ки пас аз 24 бозӣ 58 имтиёз ба дат овардааст.
