Бозии даври 27-уми Серияи А-и Италия байни дастаҳои “Рома” ва “Ювентус” дар варзишгоҳи Олимпикои шаҳри Рим бо ҳисоби 3-3 ба анҷом расид.
Италия - Серияи А. Даври 27-ум
2 марти соли 2026, душанбе. 00:45 ДШБ
“Рома” (Рома) 3:3 “Ювентус” (Турин)
1:0 Франса – 39' 1:1 Консейсау – 47' 2:1 Н'Дикка – 54' 3:1 Мален – 65' 3:2 Бога – 78' 3:3 Гатти – 90+3'
Ҳимоятгари “Рома” Уэсли Франса дар дақиқаи 39-ум ҳисобро кушод. Ҳамлагари бошгоҳи шаҳри Турин Чику Консейсау дар дақиқаи 47-ум ҳисобро баробар кард. Ҳимоятгар Эван Н'Дикка дар дақиқаи 54-ум барои мизбонон пешсафӣ овард. Дониел Мален бошад дар дақиқаи 65-ум голи сеюми “Рома”-ро ба самар расонид. Вале дар дақиқаи 78-ум нимҳимоятгар Жереми Бога як голи дигари ҷавобӣ зад. Ҳимоятгар Федерико Гатти дар дақиқаи 90+3 бо голи сеюми тимаш барои “Ювентус” натиҷаи мусовиро таъмин намуд.
Пас аз 27 бозии Серияи А "Рома" 51 имтиёз дорад ва дар ҷои чорум мебошад. "Зебраҳо" бошанд бо 47 имтиёз дар зинаи шашуми ҷадвал мавқеъ гирифтаанд.
"Рома" дар даври навбатӣ санаи 8-уми март бо "Ҷеноа" бозӣ хоҳад кард. Як рӯз пеш аз ин "Ювентус" бо "Пиза" бозӣ мекунад.
