LIVE

Голи Шомуродов зидди «Ювентус» ба «Рома» мусовиро таъмин кард

Бозии даври 31-уми Серияи А Италия, ки дар он дастаҳои «Рома» ва «Ювентус»-и Турин вохӯрданд,  дар варзишгоҳи Олимпикои Рим (Италия) бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.
Италия - Серияи А. Даври 31-ум
06 апрели соли 2025, якшанбе. Соати 23-45 бо вақти Душанбе
“Рома” (Рим) 1:1 “Ювентус” (Турин)
0:1 Локателли – 40'     1:1 Шомуродов – 49'
Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 40-ум бо голи нимҳимоятгари дастаи “Ювентус” Мануэл Локателли боз шуда, дар дақиқаи 49-ум Элдор Шомуродов ҳисобро баробар кард.
«Ювентус» дар зинаи панҷуми ҷадвали чемпионати Италия қарор дошта, шогирдони Игор Тудор баъди 31 вохурй 56 хол ба даст оварданд. «Рома» баъди хамин микдор вохӯриҳо бо 53 зинаи ҳафтум мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив