LIVE

“Наполи” ва “Рома” дар даври 25-уми Серияи А ба натиҷаи мусовӣ расиданд

Бозӣ байни дастаҳои “Наполи” ва “Рома” дар даври 25-уми   Серияи А-и Италия 2025/26 бо натиҷаи мусовии 2-2 поён ёфт. 
Италия - Серияи А. Даври 25-ум
16 феврали соли 2026, душанбе. 00:45 ДШБ
“Наполи” (Неапол) 2:2 “Рома” (Рим)
0:1 Мален – 7' 1:1 Спинатсола – 40' 1:2 Мален – 71' 2:2 Сантос – 82'
Дониелл Мален дар дақиқаи ҳафтум ба “Рома” пешсафӣ овард. Дар дақиқаи 40-уми рақобат Леонардо Спинатсола ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 71-ум Мален зарбаи пеналтиро дуруст анҷом дод ва дигарбора “Рома”-ро ба пеш баровард. Билохира, дар дақиқаи 82-юми бозӣ Алиссон Сантос бо голи дуюми мизбонон натиҷаи мусовиро дар ин рақобат таъмин намуд.
Пас аз ин бозӣ “Наполи” бо 50 имтиёз дар зинаи сеюми дивизиони олии Италия ҷой гирифта, ”Рома” бо 47 имтиёз дар ҷои чорум қарор дорад.
Дар даври оянда “Наполи” рӯзи 22-юми феврал дар меҳмонӣ бо “Аталанта” рӯбарӯ хоҳад шуд, дар ҳоле ки “Рома” дар ҳамон рӯз бо “Кремонезе” бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив