LIVE

“Бавария” бори аввал аз соли 2012 бар “Реал Мадрид” пирӯз шуд

“Бавария”-и Мюнхен дар бозии аввали даври чорякфиналии Лигаи Чемпионҳо бар “Реал Мадрид” бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд. Ин аввалин пирӯзии дастаи кишвари Олмон бар “Реал Мадрид” дар Лигаи Чемпионҳо сар аз апрели соли 2012 инҷониб аст.
Лигаи Чемпионҳо. Чорякфинал. Бозии аввал
8 апрели соли 2026, чоршанбе. 00:00 ДШБ
“Реал Мадрид” (Мадрид, Испания) 1:2 “Бавария” (Мюнхен, Олмон)
0:1 Диас – 41' 0:2 Кейн – 46' 1:2 Мбаппе – 74'
Он вақт “Бавария” дар бозии аввали даври нимфинали Лигаи Чемпионҳо рақибони худро бо ҳисоби 2-1 мағлуб кард, аммо дар бозии ҷавобӣ бо ҳамин ҳисоб мағлуб шуд, аммо вайқти зарбаҳои пеналтӣ ба финал роҳ ёфт.
Аз соли 2012 инҷониб “Бавария” ва “Реал” дар Лигаи Чемпионҳо  солҳои 2014, 2017, 2018 ва 2024 бо ҳам вохӯрдаанд. “Реал” аз ин бозиҳо шаш пирӯзӣ ва ду мусовӣ дорад. Қобили зикр аст, ки дар ин давра дастаҳо ҳамчунинбозиҳои дӯстона анҷом доданд, ки дар ду маротиба  “Бавария” (солҳои 2015 ва 2019) ва “Реал Мадрид”   соли 2016 пирӯз шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив