Дастаи “Бавария” дар бозии аввали даври чаҳорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо аз “Интер” бо ҳисоби 1 бар 2 мағлуб шуд. Ба иттилои BBC Sport, ин шикасти аввалин дастаи шаҳри Мюнхен дар майдони худ дар Лигаи Чемпионҳо дар чаҳор соли охир буд.
Голи ягонаи тими шаҳри Мюнхенро Томас Мюллер ба самар расонид. Аз ҳайати “Интер” Лаутаро Мартинес ва Давид Фраттезии гол заданд. Мартинес бо ин гол беҳтарин нишонзани “Интер” дар Лигаи Чемпионҳо шуд. Ин 19-умин голи Мартинес буд ва аз Адриано, ки 18 гол дошт, пеш гузашт.
Бозии ҷавобии “Интер” ва “Бавария” дар Милан баргузор мешавад. Вохӯрӣ рӯзи чоршанбеи 16-уми апрел дар назар аст. Ғолиби бархӯрди ду бозӣ дар даври нимниҳоӣ бо дастаи пурқуввати ҷуфти “Барселона” ва “Боруссия”-и Дортмунд” вомехӯрад.
Ғолиби феълии Лигаи Чемпионҳо “Реал Мадрид” аст. Дастаи шоҳона дар финал бар “Боруссия”-и Дортмунд (2:0) ғолиб омада буд. Илова бар ин, “Реал Мадрид” аз рӯи шумораи ғалабаҳо дар Лигаи Чемпионҳо рекордгузор аст. Дастаи шаҳри Мадрид 15 маротиба дар ин мусобиқот пирӯз шудааст.
